МЕЪЁРҲОИ АХЛОҚИИ ФАЪОЛИЯТИ
ЖУРНАЛИСТӢ ДАР ТО Ҷ ИКИСТОН
ш. Душанбе, 14 майи соли 2009
Пешгуфтор
Ҷ омеаи журналистони То ҷ икистон озодии суханро асоси фаъолияти худ қарор дода, масъулияти бови ҷ донона амал ӣ гардидани онро дарк намуда, ин меъёрҳои касб ӣ ва ахлоқии воситаҳои ахбори омма (ВАО) ва журналистонро эълом ва қабул медоранд. Ҳе ҷ яке аз ин меъёрҳо мақсади маҳдуд кардани озодии суханро надоранд.
1. Рисолати ВАО ва журналист
Ҳақиқатнигорӣ , воқеиятнигор ӣ , адолат, гуногунандеш ӣ ва эҳтироми ҳуқуқи инсон – усули (принсипи) фаъолияти ВАО ва журналистон дар То ҷ икистон мебошанд.
ВАО ва жу рналистон бо ин усул обр ӯ ва эътибори матбуотро ҳифз мекунанд.
2. Сареҳияти ахбор
ВАО ва журналист бояд назару андешаҳои гуногунро беғаразона ва бидуни таҳриф ба нашр расонанд. Дар матолиб бояд тавозуни назарҳо риоя гарданд. Сарлавҳа ва акс бояд маънои матн ва гузоришро ифода кунанд.
3. Ҳифзи манбаи ахбор
ВАО ва журналист ҳангоми аз манбаъ гирифтани ахбор ба он эҳтиром мегузоранд, мувофиқи хоҳиши манбаъ маҳрамиро риоя, аз фош кардани манбаи ахбор худдорӣ мекунанд ва бо амали худ ба ошкор шудани шахс, манбаи ахбор ва сирри касб ӣроҳ намедиҳанд.
4. Ақида, далел ва гумону тахмин
ВАО ва журналист дар байни мафҳумҳои ақида, далел (факт) ва гумону тахмин фарқ мегузоранд. Баёни андешаи ашхос мавриди сан ҷ иш ва бозпурс ӣ қарор намегирад.
5. Иффати милл ӣ ва эҳтироми фарҳанги ғайр
ВАО ва журналист бояд иффат ва фарҳанги миллиро ҳангоми инъикоси ҳама гуна матолиб пос доранд. Аз тарғиби фисқу фуҷ ур, ки боиси косташавии иффати милл ӣ мегардад, худдор ӣ кунанд. Дар нигоштаҳо ба фарҳанги ғайр эҳтиромро риоя кунанд.
ВАО ва журналист аз паст задани қавму миллат, дину мазҳаб ва нажод худдорӣ намуда, ҷ аҳонбин ӣ ва суннату анъанаҳои дигаронро эҳтиром мекунанд.
6. Эҳтироми ҳаёти шахс ӣ
ВАО ва журналист ба ҳаёти шахсии афрод эҳтиром мегузоранд. Интишо ри маълумот бояд бо и ҷ озати ашхос ва риояи маҳрамии аснод сурат гирад.
Лаҳзаҳои ҳаёти хусусии шахсиятҳо, ки арзиши и ҷ тимо ӣ доранд, дар ВАО инъикос шуда метавонанд. Ҳамзамон ҳуқуқи фардии ашхосе, ки дар қазия дохил нестанд, риоя шавад.
7. Ҳифзи шаъну шараф ва эътибори шахс
Паст задани шаъну шараф ва эътибори шахс бо алфози қабеҳ, калимаю ибораҳои таҳқиромез ва аксу тасвири номуносиб, ҳамчунин тӯ ҳмат ва ситоиши нобар ҷ о хилофи одоби касбии журналист аст.
8. Эҳтимоли бегуноҳ ӣ
Ҳангоми гузориш дар мавриди инъикоси қазияи ҷ ино ӣ ва амсоли он ВАО ва журналист аз пешдовар ӣ худдор ӣ мекунанд.То собит гардидани гуноҳи шахс дар суд ВАО ва журналист наметавонанд дар бораи гунаҳкории ӯ қазоват кунанд.
9. Роҳ надодан ба табъиз (дискриминатсия)
Поймол намудани ҳ уқуқи шахс вобаста ба мансубияти нажод ӣ , милл ӣ , мазҳаб ӣ , сиёс ӣ , и ҷ тимо ӣ ва ҷ инс ӣ дар ВАО раво нест. ВАО ва журналист аз айб ҷ ӯ ии ҷ исмонии шахс худдор ӣ мекунанд.
10. Гузоришҳои барангезанда ва ҳифзи ноболиғон
Журналистон ва ВАО аз гузоришҳои барангезанда ба та ҷ овузу хушунат, ран ҷ у куштор, инчунин дигар ҷ иноятҳо худдор ӣмекунанд. ВАО ва журналист ба хотири ҳифзи ноболиғон ва ҷ абрдидагон шахсияти онҳоро ифшо намесозанд.
11. Шеваи ҷ амъ овардани мавод
Барои ба даст овардани ахбор, тасвир, садо ва дигар м аълумот дар бораи ҳаёти шахс ӣ набояд аз роҳҳои ғайриқонун ӣ ва ноҷ оиз истифода шавад.
12. Ҷ удо будани э ҷ одиёт аз ти ҷ орату реклама
Рисолати касбиро қурбони аҳдофи ти ҷ орат набояд кард. Дар ВАО фаъолияти э ҷ од ӣ аз фаъолияти ти ҷ орат ӣ ва рекламаҷ удо буда, матолиб набояд таҳти таъсири шахси сеюм ё манфиати журналист қарор гирад.
Маводе, ки ба хотири ти ҷ орату реклама ва тарғиби манфиати гур ӯ ҳе ё шахсе ба нашр мерасад, бояд мушаххас бошад ва аз маводи дигар ҷ удо ҷ ой дода шавад, то хусусияти тарғиботии он аён гардад.
13. Подош ва имтиёз
Ҳар гуна имтиёз ва подош, ки озодии тасмими ВАО ва журналистро маҳдуд месозад, хилофи эътибор ва обрӯ и ВАО ва журналист аст.
14. Асардузд ӣ (плагиат)
Журналист бояд дар фаъолияти касбиаш асардуздӣ накунад. Асардузд ӣ ин гирифтани матн, тасвиру садо аз манбаи дигар ва ҳамчун моли худ муарриф ӣ кардан аст. Журналист бояд ба заҳмати ҳамкасбонаш ар ҷ гузорад.
15. Ислоҳи хато
Агар нодурустии маводи нашршуда ё хулоса дар мавриди ашхос, имло, сарфу наҳв, ки баъд собит гардад, бояд аз тарафи ҳамон нашрия фавран ислоҳ ва аз нав нашр шавад. Дар сурати роҳ додан ба камбудӣ журналист ва ВАО бояд онро эътироф ва ислоҳ намуда, такроран ба хато роҳ надиҳанд.
16. Ҳамраъйии касб ӣ
ВАО ва журналист ҳамраъйии касбиро пеша мекунанд. Журналист аз и ҷ рои супоришҳое, ки хилофи эътибори касб ӣ ё мавқеи и ҷ тимоиаш аст, худдор ӣ намуда, бояд бар зидди ҳамкасбон ва ВАО-и дигар беасос иқдом накунад. Журналистон ВАО-ро барои хусумати шахс ӣ ва ҷ удоиандоз ӣ миёни ҳамкасбон истифода намекунанд.
Агар журналист барои фаъолияти касбиаш таъқиб шавад, ҳамкасбон ӯ ро пуштибон ӣ мекунанд.
17. Тартиби амал ӣ гардонидани меъёрҳо
Дар сурати риоя нагардидани меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналист ӣ ҳар шахси манфиатдор метавонад ба Ш ӯ рои ВАО-и То ҷ икистон муро ҷ иат намояд. Тасмими Ш ӯ ро дар ВАО нашр мешавад.
Source: http://www.odob.tj/index.php
Updated: 23/03/2016